Тадқиқоти нави илмии олимони Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи радиатсионӣ
Тадқиқоти нави илмии олимони Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи радиатсионӣ
Дар маҷаллаи илмии Ecological & Sustainable Materials Connect мақолаи илмии «Features of Synthesis of a Metal-Matrix Composite Based on Natural Calcium Carbonate» ба нашр расид. Муаллифони мақола Холмурод Назаров, Далер Мирзоев, Муминҷон Исматдинов ва Илҳом Мирсаидзода мебошанд.
Тадқиқот ба таҳияи композити металлӣ-матрисаӣ дар асоси калсити табиӣ, ки аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон гирифта шудааст, инчунин арзёбии хусусиятҳои муҳофизатии он аз радиатсия бахшида шудааст.
Яке аз натиҷаҳои муҳими таҳқиқот нишон медиҳад, ки намунаи ғафсиаш 10 мм, ки аз 80% калсити тағйирдодашуда ва 20% алюминий иборат аст, иқтидори вояи шуоъҳои рентгениро аз 1490 то 135 мкЗв/соат коҳиш дода, нишондиҳандаро тақрибан 11 маротиба паст кардааст.
Мақола соли 2026 дар маҷаллаи илмии индексатсияшаванда дар Scopus ба нашр расидааст.
DOI: 10.69709/ESM.2026.171771